Дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба донишҷӯёни ятими кулл ва камбизоат пойафзоли зимистона туҳфа карда шуд. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Маркази хайриявии «Илҳом» сурат гирифт. Дар маросими тақдими пойафзолҳо ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки дар донишгоҳи мо ятимони кулл ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарият қарор доранд. Ба ин табақаи донишҷӯён ва умуман, тамоми толибилмон зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда ба таври самаранок истифода намоянд, то дар оянда номбардори миллати бошараф ва бонангу номуси тоҷик бошанд. Намояндаи Маркази хайриявии «Илҳом» Аъзам Насимов низ таъкид кард, ки муҳассилинро месазад, ки дар посух ба ин ғамхорию меҳрубониҳо сатҳи донишандӯзии хешро баланд бардоранд ва имтиҳонотро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намоянд. Ташкилоти хайриявии «Илҳом» минбаъд низ мекӯшад, ки ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунад.Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар чорабинӣ ба 31 нафар ятими кулл ва 669 нафар донишҷӯи камбизоат, яъне дар маҷмуъ ба 700 нафар толибилм пойафзоли зимистона ройгон тақдим шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






