«Дастрасӣ ба манзили арзанда дар Тоҷикистон»-семинар
Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- 20 декабри соли ҷорӣ дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ Зариф Ализода ва дигар шахсони расмӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба манзили арзанда дар ҶТ» семинар барпо гардид. Мақсади асосии семинар аз баланд бардоштани дониши кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории миллӣ иборат буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






