Даъвати Ҳукумати Туркия ва ЮНИСЕФ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Дар маросими ифтитоҳи Конфронси минтақавӣ бо иштироки вазирони оид ба масоили таҳсилот, ки 10 декабр дар шаҳри Истамбул оғоз ёфт, даъват шуд, ки миллионҳо нафар кӯдаконе, ки имрӯз аз имконияти таҳсил маҳруманд, ба мактабҳо баргардонида шаванд.Дар ин бора аз намояндагии ЮНИСЕФ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Назар ба хабари манбаъ, шиори «Таҳсилот барои ҳар нафар!», ки онро Ҳукумати Туркия ва ЮНИСЕФ дастгирӣ намудаанд, ба ҳукуматҳои 20 кишвари Аврупои Марказию Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Дар ин даъват зарурати роҳандозии ислоҳоти системаи маориф ба манзури ба таҳсилот ҷалб намудани ҳамаи кӯдакон ва хусусан фарзандони табақаҳои осебпазири ҷомеа зикр ёфтааст.Вазифаҳои асосӣ иборат аз онанд, ки ҳар кӯдак бояд мактаб равад, ҳар кӯдак ба таҳсилоти ибтидоӣ дастрасӣ дошта бошад ва ҳар кӯдак бояд аз ҳамаи захираҳои низоми маориф бархӯрдор гардад.Иштирокдорони Конфронс, ки корашро рӯзи ҷумъаи 13 декабр анҷом медиҳад, иборат аз вазирон ва муовинони вазирони маориф, масоили шаҳрвандию иҷтимоӣ, молия ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин коршиносони дахлдор, аъзои парлумонҳо, намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






