Давраи шуғломузӣ барои занони хонашин
Хоруғ, 10 декабр. (АМИТ « Ховар», Файз Мирасан).- Боз бист нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ пас ба поён расондани давраи омӯзиши семоҳа соҳиби шаҳодатнома ва шуғлҳои гуногун гардиданд. Элчай Мародбекова директори филиали муассисаи таълимии Маркази калонсолони вилоят иброз дошт, ки бештари шунавандагони ин давраҳои омӯзишӣ занону духтарон буданд ва онҳо шуғле надоштанду ба корҳои мавсимӣ машғул буданд. Дар ин се моҳ аз мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи коркард, омода ва ба фурӯш баровардани шарбату нӯшоба аз меваю сабзаҷотро омӯхтанд. Элчай Мародбекова баён дошт, ки ҳамасола боғпарварони вилоят даҳҳо тонна меваҷотро ҷамъоварӣ мекунанд, аммо бештари он ба иллати надоштани маълумоти кофӣ оид ба коркард ва захираи он аз байн меравад. Акнун ин занону духтарон имкон доранд меваю сабзавотро аз боғдорон харид намуда, баъди коркард ба фурӯш бароранд. То ҳол муассисаи давлатии таълимии Маркази калонсолон ба бештар аз 300 нафар сокини вилоят касбҳои мухталифро ёд додааст. Ба гуфтаи масъулини марказ чунин давраҳои омӯзиширо дар дигар навоҳии вилоят низ ба роҳ мегузоранд. Дар деҳоти баландкуҳи Хабости ноҳияи Роштқалъа ин омӯзишҳо ба тозагӣ шуруъ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






