Донишҷӯён соҳиби ҷоизаи 500- доллара шуданд

Декабрь 18, 2013 15:41

Хоруғ, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Фариза Юсупова ва Мунира Султонбекова дар озмуне, ки намояндагии Институти тадқиқоти АвруОсиё дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, ғолиб омада, соҳиби ҷоизаи ба номи Менделеев ва Ломоносов гардиданд. Дар толори хониши Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ маросими супоридани ҷоизаи пулии ба номи Ломоносов ва Менделеев доир гардид. Роҳбари намояндагии Институти тадқиқоти АвруОсиё дар вилоят Гулос Раҳматшоев зимни супоридани ин ҷоиза иброз дошт, ки ҳамасола пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ дар миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ озмун баргузор мекунад, ки дар он донишҷӯёни зиёди донишгоҳ ширкат мекунанд. Ғолибони озмун дар давоми мавсими аввали таҳсил 500 доллари амрикоӣ мегиранд. Имсол донишҷӯён Фариза Юсупова –донишҷӯи курси сеюми факултаи филология, бахши забонҳои русӣ соҳиби ҷоизаи пулӣ ба номи Ломоносов ва Мунира Султонбекова-донишҷӯи курси сеюми факултаи химияи ҳамин донишгоҳ соҳиби ҷоизаи ба номи Менделеев гардиданд. Донишҷӯен аз кӯмаку дастгирии намояндагии Институти тадқиқоти АвруОсиё дар шаҳри Хоруғ изҳори хушҳолӣ намуданд ва ваъда доданд, ки минбаъд низ кӯшиш мекунанд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои гирифтани ин ҷоизаҳо талош намоянд. Хотирнишон бояд кард, ки намояндагии Институти АвруОсиё дар шаҳри Хоруғ фаъолияти худро аз соли 2008-ум оғоз намуд.

Декабрь 18, 2013 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд