Фестивали дӯстии донишҷӯёни хориҷӣ дар Душанбе

Декабрь 3, 2013 11:16

Душанбе, 3 Декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Фестивали дӯстии донишҷӯёни хориҷӣ ва тоҷик», бо чунин ном Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ рӯзи 5-уми декабри соли равон дар Маркази илму фарҳанги Русия мизи мудаввар доир менамояд.Тавре, ки дар ин бора аз Ҷамияти мазкур хабар доданд, дар назар аст дар кори конфронс сафирон ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои фарҳангӣ иштирок намоянд.Ба иттилои манбаъ, қисмати дуюми Фестивал бо консерти идона бо намоиши рамзҳо ва намунаҳои маданияти модии кишварҳои иштирокчӣ дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир мегардад.Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории чунин як Фестивал миёни донишҷӯёни хориҷиву тоҷик, боз ҳам тақвият додани муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Декабрь 3, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш