Гуруҳи қочоқбар безарар гардонида шуд
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ба мо аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сарҳадбонони тоҷик ҳангоми бурдани наряди сарҳадӣ як гуруҳи қочоқбаронро безарар гардониданд. Сарҳадбонони тоҷик ҳангоми бурдани хизмат дар наряди сарҳадӣ 11 декабр тахминан соатҳои 9-30 дақиқа дар хатти сарҳад дар ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон дар соҳили дарёи Панҷ се нафар вайронкунандагони сарҳадро мушоҳида намуданд, ки бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайриқонунӣ додугирифт менамуданд. Сарҳадбонони тоҷик мутобиқи талаботи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сӯи ҳаво тир кушода, талаб намуданд, ки вайронкунандагони реҷаи сарҳадӣ таслим гарданд. Ду нафар аз сарҳадшиканон ба талаботи сарҳадбонон итоат намуда, ба замин хобиданд. Сарҳадшикани сеюм ба сарҳадбонон муқовимат нишон дода, хост аз ҷои ҳодиса пинҳон шавад. Ҳангоме, ки ӯ ба фармони сарҳадбонон итоат нанамуд, наряди сарҳадӣ маҷбур гардид, ки ба сӯи ӯ тир кушояд. Дар натиҷа қочоқбар — сокини 42-солаи деҳаи Пастбаҷуи ҷамоати Пастхуф Шерғозиев Кошиф Шерафканович кушта шуд. Аз ҷои ҳодиса 9 адад шишаи арақ, 6 дона зарфи пластикӣ ва миқдори калони риштаву банд барои амалҳои қочоқбарӣ, инчунин ҳангоми кофтукови либоси кушташуда 2 бандчаи коғазпеч бо хокаи монанд ба героин бо вазни 40 грамм ошкор шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад. Дар ин бора котиби маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






