Гузариш ба ҳисобкунакҳои кортӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар давоми панч соли охир масъалаи таъминоти барқ ба аҳолӣ ва пайваста рух додани садамаҳо дар шаҳри Кӯлоб кормандони шабакаҳои барқиро ба ташвиш овардааст. Сабаби асосӣ- куҳнаю фарсуда гардидани хатҳо ва таҷҳизоти барқдиҳанда дар хонаҳои баландошёна ва маҳалӣ мебошад. Сокинон бидуни ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ аз марказҳои барқдиҳӣ ба хонаҳои истиқоматӣ худсарона хатҳои алоҳида кашидаанд, ки бе пайвастшавӣ ба ҳисобкунакҳо аз барқ истифода мебаранд. Масъалаи дигари ташвишовар сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи барқ мебошад. Аксари сокинон аз ин ҳисоб беш аз ҳазор сомонӣ қарздоранд. Бо мақсади рафъи ин мушкилот ва истифодаи сарфакоронаи кувваи барқ дар шаҳри Кӯлоб мутахассисони соҳа ният доранд, ки минбаъд ҳаққи истифодаи барқро аз муштариён ба тарзи пешпардохт қабул намоянд, ки ин боиси таъминоти мунтазами аҳолӣ бо барқ ва истифодаи сарфакоронаи он мегардад.Ба иттилои масъулон ҳамаи муштариёни ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо ҳисобкунакҳои муосири кортӣ ва муштариёни ноҳия бо ҳисобкунакҳои электронӣ то семоҳаи дуюми соли 2014 таъмин карда хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






