Хароҷоти МН МО ҶТ барои соли 2014 тасдиқ мегардад
Душанбе, 4 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 5 декабр дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», „Дар бораи энергетика“, «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» баррасӣ мегардад. Ҳамзамон интизор меравад, ки дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Ҳамрохон Расулов- роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон «Оид ба рафти иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» гузориш медиҳад. Инчунин дар ҷаласа сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва нақшаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 тасдиқ хоҳад гашт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






