Хизматрасонии «SMS-банкинг» барои муштариёни «Beeline Тоҷикистон»
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Хизматрасонии «SMS-банкинг» акнун барои муштариёни ширкати «Beeline Тоҷикистон» дастрас шуд. Хизматрасонии «SMS-Банкинг» имконият медихад, ки муштариён таҳлили амалиётҳои бо ҳисоби корти пардохтӣ гузаронидаро назорат баранд. Ба воситаи хизматрасонии «SMS — банкинг» муштариён метавонанд ҳама вақт оид ба бақияи дар корт буда огоҳ бошанд, сари вақт оид ба гузаронидан ва ё гирифтани маблағҳо аз ҳисоби кортӣ маълумот гиранд ва инчунин имконияти пур кардани тавозуни телефони мобилашонро бе ситонидани ҳаққи хизматрасонӣ пайдо намуданд. Барои пайваст шудан ба хизматрасонии «SMS-Банкинг» муштариён метавонанд аз тариқи банкоматҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва ба воситаи хизматрасонии фосилавии Интернет-банкинг мустақилона пайваст шаванд ё ин ки ба дилхоҳ шуъбаи хизматрасонии бонкӣ муроҷиат намоянд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти «Агроинвестбонк» хабар доданд, ҳаққи пайвастшавии солонаи хизматрасонӣ 3 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






