Идомаи лутфи латифи адибон

Декабрь 23, 2013 16:58

Ҳисор, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-«Лабханди Ҳидоятуллоҳ»- таҳти ҳамин унвон китоби нави нависандаи соҳибистеъдод Ҳакималӣ Назаралиев бо теъдоди 300 нусха дастраси хонандагон гардид. Китоб аз «Лутфи латиф» ё «Хандоханд» иборат буда, аз рӯзгор ва фаъолияти пурсамари раиси шуъбаи ҳисории Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ ҳикоят мекунад. Китоби «Лабханди Ҳидоятуллоҳ»- и Ҳакималӣ ҷавоб ба маҷмӯаи «Дар суҳбати Ҳакималӣ Назаралӣ» — и Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ аст.Хонанда дар баробари хушҳолӣ аз лутфи латифи маҷмӯа дарс хоҳад гирифт.

Декабрь 23, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш