Ифтитоҳи Боғи ЭКО дар Аббособод
Душанбе, 2 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Теҳрон дар маросими ботантана Боғи Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи боғ Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири корҳои хориҷаи Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф — шаҳрдори Теҳрон, вазирони хориҷаи кишварҳои узви ЭКО, Шамил Алиаскаров- дабири кулли ЭКО, Ифтихор Ҳусейн Ориф- раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Давлаталӣ Ҳотамов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамъе аз шахсиятҳои фарҳангии муқими Теҳрон ширкат доштанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон дар маросими ифтитоҳи боғ доир ба равобити фарҳангӣ ва тамаддуни муштараки кишварҳои узви ЭКО сухан кард. Мавсуф гуфт, ки барои ҳамкории ҷиддӣ ва ҳамаҷониба байни кишварҳои узви ЭКО, ки ҳамагӣ аз кишварҳои муҳими минтақа ҳастанд, бояд рамзҳои муҳимеро эҷод кунем, то фарҳанги ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин созмон беш аз пеш тавсеа ёбанд. Бояд дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ тарҳҳое эҷод гарданд, то тавонанд дар рушди фарҳангу тамаддуни кишварҳои ЭКО, ки дорои анъанаҳои муштараки таърихию фарҳангианд, нақши муассир гузоранд. Ифтихор Ҳусейн Ориф- раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО бунёди боғи ЭКО-ро василаи ҳамкорӣ дар арсаи дипломатияи шаҳрӣ ва дипломатияи фарҳангии ЭКО арзёбӣ намуд. Ҳамзамон дар анҷоми маросим лавҳаи ёдгории боғи ЭКО, ки ба шакли як дарахт аз санги мармар бо баландии 3 метр ва вазни 3 тонна сохта шудааст, инчунин рамзи ёдгорие, ки ба муносибати ду даҳа густариши ҳамкории кишварҳои узви ЭКО тавассути Муассисаи фарҳангии ЭКО тарроҳӣ шудааст, рӯнамоӣ гардид. Назар ба иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси тоҷик дар умури ЭКО, боғи ЭКО бахше аз маҷмуаи азими фарҳангӣ ва тафреҳӣ, воқеъ дар минтақаи Аббосободи Теҳрон мебошад. Сохти ин ин боғ дар сеюмин ҷаласаи ҳайати муассисони Муассисаи фарҳангии ЭКО дар соли 2007 дар Исломободи Покистон ба тасвиб расида буд.








Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд






