Имзои созишномаҳо оид ба барномаи волоияти қонун
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 10 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон таҷлил шуд. Дар ин рӯз дар дафтари Барномаи рушди СММ воқеъ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ин сана маросими ба имзо расонидани Созишномаҳои барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳар ду лоиҳа асоси таҳияи барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судиро ташкил медиҳанд. Мавсуф ҳамчунин хабар дод, ки Вазорати адлияи ҶТ ва ваколатдори ҳифзи ҳуқуқҳои инсони ҶТ шарикони асосии Барнома аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ ба шумор мераванд. Вазири адлияи ЧТ Рустам Менглиев дар навбати худ иброз дошт, ки «Вазорати адлияи ҶТ лоиҳаҳоеро, ки мақсад аз онҳо густариши маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва волоияти қонун мебошад, ҳамеша дастгирӣ менамояд, зеро ин ҷавобгӯи стратегияи давлат ва вазорати мо мебошад».Сафири Финляндия дар Тоҷикистон Е.П. Никлас Линдквист дар навбати худ зикр намуд, ки ба имзо расидани чунин созишномаҳои муҳим ва Барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар ин Рӯзи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон воқеаи пуршараф аст.Дар хотима маросими ба имзо расонидани Созишномаи байни Барномаи рушди СММ ва Ҳукумати Финляндия дар бораи татбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон барои афзун намудани имконоти мардуми Тоҷикистон» ва Созишномаи байни Барномаи рушди СММ ва SDC (СДК) дар бораи татбиқи даври асосии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






