Иштироки БАБТ дар рушди соҳаи нақлиёти кишвар

Декабрь 19, 2013 15:28

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- 18 октябр дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши хоҷагии роҳ, аз ҷумла лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи нақлиёти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар соҳаи хоҷагии роҳ, аз ҷумла маблағгузории лоиҳаҳои нақлиётии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои ҷории инвеститсионӣ дар бахши роҳҳои нақлиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дурнамои ҳамкории минбаъда дар ин соҳаро муайян карданд.

Декабрь 19, 2013 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш