Иштироки Чин дар навсозии роҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев бо гуруҳи кории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин перомуни масъалаи навсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб баргузор гардид.Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Чин бо роҳбарии сардори раёсати кӯмаки хориҷии вазорати мазкур ҷаноби Шэн Тутсзян аз Тоҷикистон боздид намуд. Неъматҷон Бӯриев дар оғози мулоқот аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот маълум гардид, ки мақсади асосии сафари ҳайати Чин ба Тоҷикистон иборат аз мулоқоту сӯҳбатҳо бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор перомуни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Кғонтеппа ва Кӯлоб аст.Хотирнишон месозем, ки намояндагони гуруҳи кории Чин дар ҳошияи сафарашон ҳамчунин бо татбиқи лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шинос мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






