Иштироки фаъол дар ҳашар
Ҳамадонӣ, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳашари умумихалқӣ эълон намуданд, ки тибқи он дар ҳамаи корхонаю ташкилот, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, маркази ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳия беш аз 6 хазор сокинон ба ҳашар баромаданд. Дар беморхонаи марказии ноҳия кормандони ҳар як шуъба дар қитъаҳои алоҳида ба тоза намудани барги дарахтон ва партовҳо, нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани ниҳолони сояафкан машғул гардиданд. Хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба ҳашар баромада, саҳни ҳавлӣ, майдончаҳои мактаб ва кӯчаю роҳравҳоро тоза карданд. Дар ин рӯз дар ҷамоати деҳоти Дашти Гулҳо на танҳо кӯчаю маҳаллаҳо, инчунин ба тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо вусъат бахшида шуд. Дар давоми ду рӯз беш аз 200 метр заҳбуру заҳкашҳо тоза шуданд, ки ин ба ҳолати мелиоративии заминҳо ва нобуд гардидани ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






