Истифодаи самараноки технологияи итилоотӣ
Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Чанд сол қабл хонандагони мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Ҷовидони ҷамоати Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон ба иллати норасоии нерӯи барқ наметавонистанд аз технологияи информатсионӣ истифода баранд. Аммо бо бунёди нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 800 киловатт дар маркази ноҳия акнун ин фанни муҳим бидуни таъхир баргузор мегардад. Бинои мактаби мазкур cе сол қабл бо ширкати Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва комилан аз асбобҳои таълимию аёнӣ ва таҷҳизоти информатсионӣ таъмин карда шуд. Аз ҳама муҳим ин ки хонандагон дар тамоми мавсими таҳсил ҳам дар фасли тирамоҳу ҳам зимистон ба компютер дастрасӣ доранд ва ин фанни таълимӣ мувофиқи нақша баргузор мегардад. Ба ақидаи Рамазон Шумқоров сарфи назар аз он ки хонандагон дар оянда кадом касбро интихоб накунанд, ҳатман бо технологияи информатсионӣ рӯ ба рӯ хоҳанд гашт. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар мавзеи Ванҷи боло боз як неругоҳи хурди барқӣ бунёд гардад ва имконияти гарм кардани синфхонаҳои мактаб ба василаи неруи барқ пайдо хоҳад шуд. Дар соли равон мактаби мазкурро 27 хонанда хатм намуд, ки 14 нафари онҳо ба донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз он дохил гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






