Кӯдаконро бе назорат намонед
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -30 ноябри соли равон Хайрулло Каримови ноқисулақли 16- сола аз нигоҳубини наздикони худ дар канор монда, оғилхонаи сокини деҳаи Деҳлолои ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Мирзосафар Каримовро оташ задааст. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон аллакай 150 метри мураббаи оғилхонаро бо захираи калони хўроки чорво алангаи оташ фаро гирифта, 2 сар ҳайвони калони шохдор ба ҳалокат расида буд. Дар натиҷаи гузаронидаи амалиёти фаврӣ оташнишонон сўхторро хомўш карданд. Дар вақти сўхтор худи Хайрулло осеб надидааст. Зарари моддӣ 17 000 сомониро ташкил намуда, маблағи молу мулки аз тарафи оташнишонон нигоҳдошта 40 000 сомонӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






