Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанюе мулоқоти муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Бунафша Одинаева бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Патритсия Флор баргузор гардид.Бунафша Одинаева меҳмонро бо вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, перомуни ҳамкории мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақл кард.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар доираи Нақшаи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо барои ҷилавгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 — 2020 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Патритсия Флор дар навбати худ иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои расонидани ёрии ҳамаҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳадот саъю кӯшиш намуда, ба тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






