Кӯмаки ташхисию дармонӣ ба осебдидагон
Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ба оилаҳои аз зилзила зарардидаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоили ноҳияи Ваҳдат кӯмаки ташхисию дармонӣ расонид. Абдуғаффори Солеҳ -масъули умури идорӣ ва равобити умумии дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо дастури раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ, ки чанде пеш аз маҳали зилзилазада дидан намуд, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ваҳдат барои мардуми аз зилзила осебдидаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоил кӯмаки доруворӣ фиристода шуд. Дорувориро раиси бахши Кумитаи имдод дар Ваҳдат Абдулҳамид Зоиров бо пизишкони Кумитаи имдод Нигина Қаробекова ва Раъно Маҳмудова бо ташхиси дармонии тиббӣ ба мардуми осебдида тақсим намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






