Касалии зуком аз Осиё ва Африқо ворид гардидааст
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон омӯзиши касалии зукоми паррандаҳои кӯчӣ дар обанборҳои Қайроққум, Норак ва мавзеи Гулбуттаи шаҳри Душанбе ба миқдори 301 номгӯй бо усули АЗП (аксуламали занҷири пайваста) гузаронида шуд. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки шумораи зиёди ин паррандаҳои кӯчӣ аз минтақаҳои Осиё ва Африқо мебошанд. Ҳамчунин маводи амрозӣ ба миқдори 420 номгӯй ба давлати Австрия барои таҳқиқоти иловагӣ равон шуданд.Аз тарафи олимони Институт омӯзиши касалии салмонеллёзи чорвои хурди шохдор идома дошта, як дастури методӣ нашр гардид. Бори аввал аз ҷониби олимони Институт ду барномаи ҷумҳуриявӣ: «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории брутселлёзи ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва «Тартиби чорабинӣ ва солимгардонӣ аз брутселлёзи чорвои хурди шохдор ва эпидимити қӯшқорҳо бо истифодаи ваксина аз штамми «Рев-1» дар хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон » таҳия шуда, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии байторӣ тасдиқ шуд.Олимони институт барои ихтирооти беҳтарини корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пешгирӣ ва табобати чорвои кишоварзӣ сазовори ду медал- як медали тилло ва як нуқраи Созмони патентии АвруОсиё гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






