Кишти тирамоҳӣ оғоз шуд
Темурмалик, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо истифода аз мусоид омадани вазъи ҳаво дар ҳамаи хочагиҳои деҳқонию инфиродии ноҳияи Темурмалик ба шудгору кишти тирамоҳӣ оғоз намуданд. Дар ҳамин бастагӣ саҳмдорони Кооперативи истеҳсолии ҷамоъавии «Кангурт», ки соли гузашта ҳосили хуби ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда буданд, бо ҷалби техникаи худӣ дар оғози фасли зимистон ба шудгори заминҳои дар ихтиёрдошта шуруъ намуданд. Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии ҷамоавии «Кангурт» аслан хоҷагии зотпарварӣ мебошад ва аксари заминҳои хоҷагии мазкурро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ хоҷагидорон мекӯшанд дар заминҳои корами лалмӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳарчи бештар кишти ғалладона ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ гузаронанд, то аз ин ҳисоб захираи кофии хӯроки чорворо низ таъмин намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






