Китобҳои Пажӯҳишгоҳи фалсафа барои донишҷӯён
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Имсол кормандони Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ 36 асари илмиро рӯи чоп оварданд. Асарҳои зикршуда асоси донишҳоро аз рӯи масоили ҳуқуқ, фалсафа, таърихи фалсафа, сиёсатшиносию иҷтимоӣ ва ғайраро ташкил медиҳанд. Роҳбари пажӯҳишгоҳи зикршуда Абдувоҳид Шамолов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар ин бора хабар дод.Ба гуфтаи Абдувоҳид Шамолов, бори нахуст дар таърихи тафаккури илми кишвар соли ҷорӣ китоби «Мантиқ» ба забони тоҷикӣ иборат аз 317 саҳифа аз чоп баромад. Муаллифони ин китоб олими тоҷик Неъматулло Сайфуллоев ва файласуфи шаҳри Маскав Юрий Ивлев мебошанд.Абдувоҳид Шамолов зикр намуд, ки китоби «Мантиқ» бо теъдоди 1000 нусха рӯи чоп омада, чун китоби дарсии донишҷӯёни донишкадаҳои олии кишвар пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






