Конфронс аз рӯи масоили Афғонистон ва Осиёи Марказӣ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 18 октябр дар шаҳри Брюссел конфронси роҳбарони олимақом дар мавзӯи «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамо ва хатарот баъди хориҷ намудани Қувваҳои байналмилалии мададгори амният» баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилооти ВКХ ҷумҳурӣ хабар доданд.Конфронси мазкурро Кумитаи оид ба умури хориҷаи Парлумони Аврупо якҷоя бо ҳайатҳои Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Афғонистон ва ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намуданд.Дар конфронс Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев, шахсони олимақоми Парлумони Аврупо, Хадамоти аврупоии муносибатҳои хориҷӣ, НАТО, Бонки ҷаҳонӣ, сафирон, ҳамчунин намояндагони пажӯҳишгоҳу марказҳои тадқиқоти илмӣ ширкат доштанд. Сафири Тоҷикистон зимни суханрониаш кайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамаи ибтикоротеро, ки мақсад аз онҳо барқарор намудани сулҳу суботи Афғонистон аст, дастгирӣ менамояд. Рустамҷон Солиев аҳамияти таҳқиқи ҳамаҷониба ва истифодаи таҷрибаи сулҳу суботи Тоҷикистонро қайд намуд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба Афғонистон барои тарбияи кадрҳо, таъмини ин кишвар бо нерӯи барқ афзун намудани марказҳои савдои наздисарҳадӣ ва бунёди кӯпрукҳо ба Афғонистон минбаъд ҳам кӯмак мекунад. Сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханрониашон изҳор доштанд, ки ҳукуматҳои кишварҳояшон барои таъмини сулҳу суботи Афғонистон, ҳамчунин барқарор намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин кишвар минбаъд ҳам ба он дасти ёрӣ дароз мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






