Конфронс бахшида ба 19-солагии ҲХДТ дар Данғара

Декабрь 20, 2013 09:54

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бахшида ба 19-умин солгарди таъсиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид.Ба пояи иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар ин чорабинӣ устодону дорнишҷӯён ва ҳамчунин намояндаи Кумитаи марказии ҲХДТ Маҳингул Кабирова ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Данғара Раҳмон Гулонов дар мавзўи «ҲХДТ ва мақому манзалати он дар 19 — соли мавҷудият» сухан гуфта, иштирокчиёни кофнронсро бо хатти фаъолияти ин ҳизби созандаю бунёдкор ва саҳми ҷовидонаи раиси он Эмомалӣ Раҳмон шинос намуд.Ҳамчунин дар фарҷоми кофнронс ба 41 нафар устодон ва донишҷўён шаҳодатномаҳои узвияти ҳизб супорида шуд.

Декабрь 20, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд