Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи ҳамгироии АвруОсиё
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова ).- 17 декабр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Созмони байналмилалии «Ҷунбиши АвруОсиё» роҳандозӣ мешавад. Назар ба хабари манбаъ, дар конфронс беш 80 нафар олимону мутахассисони бахши тадқиқоти геополитикии Русия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат менамоянд.Дар ин бора аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






