Консерти ҷашнворавии созҳои тории ба номи Т.Хренников
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Ба ифтихори 20 – солагии Конститутсияи Федератсияи Русия ва садумин солгарди зодрӯзи бастакори рус Тихон Хренников 9 декабр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов консерти созҳои торӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва мусоидати Сафорати ФР дар ҶТ, Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. «Мо кӯшиш менамоем, ки чунин чорабиниҳои муҳими фарҳангиро зуд – зуд рӯи кор орем. Масалан, соли ҷорӣ бахшида ба Фёдор Шаляпин ва Рӯзи Русия консертҳо баргузор шуданд», — гуфт роҳбари Намояндагии ҳамкории Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владислав Курнушко.Тихон Николаевич Хренников (1913-2007) бастакор, омӯзгор ва ходими ҷамъиятии Русия, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусёлистӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сусёлистӣ, ҷоизи Мукофоти Ленинӣ ва мукофотҳои давлатии ИҶШС мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






