Консерти солинавии «Чину Тоҷикистон як оилаанд»

Декабрь 26, 2013 11:39

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Чин, маркази Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Анҷумани ишркатҳои Чин дар ҶТ 24 декабр дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти идонаи «Чину Тоҷикистон як оилаанд» баргузор гардид. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков зимни суханронии табрикотиаш изҳор дошт, ки «дар давраи ҳамкории Тоҷикистону Чин соҳибкорони Чин ва ҳунарпешагони Тоҷикистон бори нахуст барномаи муштаракро тартиб доданд ва мардуми Тоҷикистон ба забон, расму оин ва фарҳанги ҶМЧ ҳар чи бештар мароқ зоҳир менамояд, ки ин далели ба хам наздикшавии кишварҳоямон мебошад».Дар анҷоми ин чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов, Филармонияи ба номи А.Ҷӯраев, ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон, намояндагони федератсияи гӯштини тарзи ушуи ҶТ, мутрибони ширкатҳои Чин воқеъ дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. Сурудҳои сарояндаи маъруфи тоҷик Фахриддин Малик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Содиқ Нуралиев ба забонҳои тоҷикию чинӣ дар гумбади театр танинандоз шуданд.

Декабрь 26, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд