Кормандони сохторҳои қудратӣ дар тренинги минтақавӣ

Декабрь 4, 2013 14:16

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова).- Кормандони Шӯъбаи иттилооту таҳлили Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои таҳлили Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳамчунин шӯъбаҳои марбутаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ (ғайр аз Туркманистон), Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Украина дар тренинги «Ҳамгироии таҳқиқу таҳлили маълумот», ки дар шаҳри Алмаато оғоз ёфт, иштирок доранд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, тренингро таҳлилгарони миллии намояндагии минтақавӣ дар Осиёи марказии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳошияи лоиҳаи «Назорати савдои маводи мухаддири Афғонистон» роҳандозӣ намудаанд. Тренинг ба манзури такмили малакаҳои кормандони бахшҳои таҳлилии мақомоти салоҳиятдор тарҳрезӣ шуда, мақсад аз он рӯи кор овардани тадқиқоти стратегӣ бо истифода аз барномаҳои нав, такмили малакаҳои таҳлилӣ ва дарки возеҳи марҳалаҳои тадқиқот мебошад.

Декабрь 4, 2013 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш