Кумаки Президент ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 Душанбе

Декабрь 27, 2013 13:48

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.Хотиррасон бояд намуд, ки ин ташрифи сеюми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин мактаб-интернат аст. Ин аст, ки бо супориши роҳбари давлат ин муассисаи махсуси соҳаи маорифи пойтахт мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор гирифта, дорои тамоми шароити зарурӣ ва симои зебою замонавӣ гардидааст. Дар натиҷаи дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин мактаб-интернат дорои толори зебою барҳавои фарҳангӣ, ду толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхонаи замонавии худхизматрасонӣ бо 200 ҷойи нишаст гардид. Имрӯз дар ин ошхонаи дилкаш барои ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиёфати солинавӣ ороста шуд.Тавассути ғамхории доимӣ, ки ба ин ва дигар муассисаҳои таълимии ин соҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардад, тамоми биноҳои ин мактаб-интернат, аз ҷумла синфхонаҳои таъиноти гуногун, хобгоҳҳо, ки алоҳида барои духтарон ва писарон оростаанд ва дигар утоқу толорҳо ободу зебо ва бо ашёву олоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Мактаб-интернати мазкур, ҳамчунин дорои шабакаи алоҳида ва мустиқили гармидиҳӣ гардидааст, ки дар фасли зимистон барои таҳсили босифат ва будубоши шаборӯзии тарбиятгирандагони ин муассиса басо муҳим аст.Ҳоло дар ин мактаб-интернат 558 нафар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 355 касаш дар хобгоҳҳои ҳамин муассиса зиндагӣ мекунанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 24 нафар ятим, 215 кас нимятим ва 319 нафари дигар аз оилаҳои ниёзманд мебошанд. 127 нафари тарбиятгирандагон духтарон мебошанд, ки мавриди ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор доранд.Дар толори калони фарҳангии ин мактаб-интернат ба ҳамаи тарбиятгирандагони он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ҳамин гуна туҳфаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, ки дар маҷмӯъ 1265 нафар мебошанд, дастрас карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ ва кулли мактаббачагони кишварро бо арафаи соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ намудани илму техника ва касбу ҳунари замони муосир ҳидоят намуд.Бо хушнудӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо соли 2013 124 нафар аз хатмкардагони чунин муассисаҳо ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуданд, ки 6 нафарашон аз мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе мебошанд.Дар охир дар ҳамин толори барҳаво барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси шодию нишот ва дилхушии кулли аҳли толор, пеш аз ҳама тарбиятгирандагони мактаб-интернат гардид. Қисми зиёди ин барнома аз ҷониби кӯдакону наврасон, ки гулғунчаҳои ояндадори фарҳангу санъати миллии тоҷикӣ мебошанд, таҳия гардидааст. Иштироки ширинкорони касбӣ ва бобои барфӣ ва ҳазлу шӯхиҳои онҳо аз бахшҳои муҳим ва дилорои ин барномаи бошукӯҳи солинавӣ буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 27, 2013 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!