Л. Саидмуродов раиси кумита интихоб гардид

Декабрь 11, 2013 13:05

Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо қарори Маҷлиси намояндагон Лутфулло Саидмуродов 11 декабр раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Қаблан Марҳабо Ҷабборова раисии кумитаи мазкурро ба уҳда дошт, ки тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ мавсуф муовини Сарвазири мамлакат таъйин гардид. Зимни муаррифии Лутфулло Саидмуродов Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар гуфт, ки Л. Саидмуродов таҷрибаи хуби парламентаризмро дар муддати чор соли фаъолияташ дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат андӯхтааст. Мавсуф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан, №23 мебошад. Л. Саидмуродов 14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва муаллими назарияи иқтисодӣ хатм намудааст, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор аст. Дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон /ДМТ/, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии ДМТ, декани факулта ва мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, узви Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директор ва профессори байналмилалии ҳамкор дар Барномаи байналмилалии «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор кардааст. Ҳамзамон Л. Саидмуродов узви Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон, узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон ва узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буда, бо медали «Хизмати шоиста» ва Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Инчунин бо қарори палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон Лутфулло Саидмуродов ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардид.

Декабрь 11, 2013 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд