Лағви қарорҳо дар бораи ихроҷи шаҳрвандони ҶТ
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Суди шаҳри Маскав бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷират 15 қарори судҳои ноҳиявиро дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард. Тавре ки котиби матбуоти Намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, чанде пеш шаҳрванди ҶТ Митхун Қарабоев барои имдод ба намояндагӣ муроҷиат карда буд. Мувофиқи суханони Митхун Қарабоев, 20 ноябри соли 2013 суди ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав дар бораи аз қаламрави Федератсияи Русия хориҷ намудани ӯ қарор қабул карда буд. Баъди бо қарори суд шинос шудани Намояндагии Хадамоти муҳоҷират, маълум шуд, ки имконияти тағйир додани қарори зикршудаи он вуҷуд доштааст. Бо мадади намояндагӣ барои ҳифзи шикояткунанда далелҳое оварда шудаанд, ки дар Федератсияи Русия мувофиқи қонун сукунат ва кор кардани ӯро тасдиқ менамоянд. Дар робита бо пешниҳоди маводи зарурӣ, суди шаҳри Маскав дар бораи бекор намудани қарори суди ноҳияи Басманний дар мавриди ихроҷи шаҳрванди ҶТ қарор қабул кард.Шаҳрванди Тоҷикистон Митхун Қарабоев ҳамчунин аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл, ки қаблан бо қарори ноҳия пешбинӣ шуда буд, озод карда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






