Лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Истамбул мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбули Туркия Иброҳим Чаглар ва аъзои Шӯрои мудирони палатаи мазкур баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, иштироки корхонаю ширкатҳои палатаи мазкур дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ташкил намудани намоишгоҳи маҳсулоти Туркия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шариф Саид ба мусоҳибон аз лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, сайёҳӣ ва сохтори он, саноати сабук ва рӯи кор овардани технологияҳои муосир иттилоъ дод. Раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбул изҳор дошт, ки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан муфид, аз ҷумла табодули таҷриба дар ташкилу роҳандозии намоишгоҳу ярмаркаҳо, сафари ҳайатҳои соҳибкорон ба кишварҳои яякдигар ва ҷалби ширкатҳои Туркия ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон саъю кӯшиш хоҳад кард.Дар мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Илҳом Абдураҳмонов ва раиси бахши туркиягии Шӯрои тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Туркия Маҳмуд Ёр ширкат доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






