«Lufthansa» дар фурудгоҳи Душанбе

Декабрь 19, 2013 16:45

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Барои баланд бардоштани тахассуси касбӣ намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, барои мутахассисони Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминии «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе», ки ба омода намудани ҳавопаймоҳо барои парвоз дар сармо муваззафанд, дарс гузашт. Дарсҳои назариявӣ нигоҳдорӣ, ҳаҷм ва миқдор, дараҷаи моеъ ва тарзи пошидану риояи техникаи бехатариро дар бар гиранд, дарсҳои амалӣ бевосита пошидани моеи зидди яхбандӣ ба ҳавопаймо, риояи меъёрҳои техникӣ, миқдор ва риояи техникаи бехатариро дар бар гирифтанд.  Дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ Александр Черепанов ба дараҷаи дониш ва кордонии мутахассисони «ФБД» баҳои баланд дода, гуфт:-гумон надоштам, ки фурудгоҳи Душанбе дорои техникаҳои навтарин ва чунин мутахассисони варзида аст. Бино ба иттилои Муҳиддин Муртазоев, муҳандис-технологи пешбари Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ дар чанд рўзи дарсхонӣ 30 нафар мутахассис аз он 2 нафар инструктор, 4 нафар лаборант ва 24 нафар ронанда оид ба истифодаи моеи зидди яхбандӣ соҳиби сертификати ширкати бонуфузи «Lufthansa» шуданд.Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ хадамоти калонтарини «ФБД» ба шумор меравад. Базаи техникии хадамот дорои мошин ва механизмҳои зиёд буда, 50 адади он техникаи махсус аст, ки дар мавсими сармо истифода мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «ФБД» М. Шодиев хабар дод.

Декабрь 19, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд