М. Убайдуллоев Қ. Расулзодаро бо Ифтихорнома сарфароз намуд
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни иҷлосияи шонздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода ва муовини раиси палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ Қодири Қосимро бо «Ифтихорномаи Маҷли¬си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид. Ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ аъзои дигари палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев, Ғайбулло Афзалов, Мамадшо Илолов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Ҳамид Абдуллоев, Қобиламоҳ Ғуломшоева ва Шамсмуҳаммад Назриевро барои фаъолияти пурсамарашон дар рушди парламентаризм бо «Ифтихорномаи Маҷли¬си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз намуд. Бояд зикр кард, ки Маҷлиси миллӣ, ки палатаи болоии Парлумони мамлакат маҳсуб меёбад, 33 аъзо дорад. Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва нақшаи хароҷоти палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ барои соли 2014 тасдиқ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






