М. Убайдуллоев А. Шералиевро аз вазифааш озод кард

Декабрь 6, 2013 10:54

Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Муним Холиқовро, ки қаблан дар вазифаи сардори шуъбаи Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард, мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъйин намуд. Ҳамчунин бо қарори дигари раиси шаҳр Абдуҳомид Шералиев аз вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» озод шуда, ба ин симмат Фирдавсӣ Саидов, ки дар гузашта дар вазифаи директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и пойтахт фаъолият мекард, таъйин гардид. Ҷумъахон Бегов -директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и пойтахт таъйин карда шуд.

Декабрь 6, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш