Маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд
Хоруғ, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Мутахассисони Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Бадахшон дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати санитарию эпидемологии шаҳри Хоруғ риояи бандҳои Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ» дар мағозаву бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвозро мавриди санҷиш қарор доданд. Аснои санҷиш миқдори зиёди маҳсулоти равған, маҳсулотҳои қаннодӣ, шир, чой ва дигар намунаҳои маводи ғизо, ки муҳлати истеъмоли онҳо барвақт гузаштааст ва барои инсон хатар доранд, аз фурӯш боздошта шуда, дар ҷои муайян нобуд карда шуданд. Мутахассиси Раёсати стандартизатсия Озод Алиёров баён дошт, ки яке аз сабабҳои ворид гардидани маводи пастсифати озуқаворӣ ба бозору нуқтаҳои савдо- ин бетарафии худи харидорон мебошад, зеро аксарияти онҳо баъди хариди маводи пастсифат онро зуд нобуд месозанд ва ба ниҳодҳои марбута шикоят намебаранд. Дар ҳоле ки қонун ба онҳо ҳуқуқ додааст аз болои ҳар тоҷире, ки маҳсулоти пастсифат дорад, шикоят кунанд ва дар ивази он моли дигар ва ё пулашонро гиранд. Баргузории чунин санҷишу рейдҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати стандартизатсия на танҳо масъулияти фурӯшандаро дар назди харидор баланд мебардорад, балки ҳуқуқи истеъмолкунандаро ҳимоя менамояд ва ба гардишу муомилоти маҳсулоти пастсифат минбаъд монеа эҷод менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






