Маблағгузории ИМА ба тарҳи интиқоли барқи CASA-1000
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова),-Амрико 15 миллион доллари ИМА ба тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) маблағгузорӣ кардааст. Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистион хабар доданд, Амрико бо изҳороти хушҳолӣ ва боварӣ аз CASA-1000 ибрози андеша намуда, изҳор доштааст, ки CASA-1000 метавонад як тарҳи билқувва табдилдиҳанда бошад, ки барои сохтани як шабакаи энергетикии минтақавие, ки якумин бор Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайвандад, кӯмак расонад. Мо умедворем, ки дастгирии молиявии ИМА ба CASA-1000 дар ҷалби дастгирии донорҳои дигар кӯмак мерасонад ва Бонки Ҷаҳониро барои соли оянда пешниҳод кардани тарҳ ва аз тарафи Шӯрои мудирон қабули ниҳоӣ кардани он ташвиқ мекунад. Дастгирии ИМА аз CASA-1000- ин нишондоди пайравии дарозмӯҳлати мо ба сулҳ, осоишӣ ва ободонии Афғонистон ва ҳамсояҳои он мебошад. CASA-1000 ин як мисоли амалии тарҳест, ки ҳамкории иқтисодии минтақавиро дастгирӣ менамояд ва диди мо аз лоиҳаи «Роҳи нави Абрешим» мебошад. Иёлоти Муттаҳида умедвори ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар шарикон оид ба рушд дар дастгирии CASA-1000 ва дигар тарҳҳое, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайванданд, мебошад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






