Маданияти сухан
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 24 декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Маданияти сухан» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова сухан гуфт. Ҳамзамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Гавҳар Шарофова дар мавзӯи «Фарҳанги суханварӣ ва ҷомеаи муосир», Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун зери унвони «Забони телевизион, радио ва мушкилоти он» мулоҳизаронӣ намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон, роҳбарияти ВАО-и ҷумҳурӣ, намояндагони донишгоҳҳову донишкадаҳо ва олимону адибони шинохта ширкат варзиданд. Ҳадафи ҳамоиш ҷустуҷӯи роҳҳои аз миён бурдани нобасомониҳо ва муносибатҳои беэҳтиромона нисбат ба забони давлатӣ буд. Ҳодисаи дигари номатлуб ин истифодаи калимаҳои лаҳҷавию шевагӣ дар суҳбатҳои радиоию телевизионӣ ва муоширати байни ҷавонон, махсусан донишҷӯён ва онҳое, ки аз ноҳияҳо ба пойтахт барои таҳсил омадаанд, мебошад. Масъулияти ислоҳи ин падидаи номатлуб бештар ба дӯши муаллимон ва устодони донишгоҳҳост, ки бояд ба шогирдон ва донишҷӯён фарҳанги сухан ва усулҳои дурусту ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони адабиро омӯзонанд.Дар ин роҳ шабакаҳои телевизионии кишвар, радио, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар василаҳои иттилоърасонӣ метавонанд ба мардум кӯмак намоянд, то бештар ба зеҳни ҷомеа таъсиргузор бошанд ва дар маҷмуъ дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ нақши муассир гузоранд.Ҳамзамон роҷеъ ба масоили мазкур иштирокдорони ҳамоиш табодули назар намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






