Мактаби беҳтарин аз нигоҳи Парлумони ҷавонон
Хоруғ, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар давоми як моҳ намояндагии Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар ВМКБ байни мактабҳои шаҳри Хоруғ озмуни «Мактаби беҳтарин»-ро баргузор кард. Аз байни 13 мактаби шаҳр Литсейи Оғохон ва мактаби рақами 7-ум ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоии озмуни интелектуалии «Мактаби беҳтарин» дар толори Муассисаи давлатии маркази ҷавонон доир гардид. Шартҳои озмун аз муаррифии гуруҳҳо, намоишнома, пешниҳоди 20 савол, байтбарак, саволнома ба воситаи видео иборат буд. Аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон хонандагони литсейи Оғохон бо ба даст овардани 130 хол ғолиби озмун дониста шуда, соҳиби Ҷоми озмун ва ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






