Маркази гармидиҳии шарқӣ ба кор даромад
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 15 декабр дар пойтахти Тоҷикистон Маркази гармидиҳии шарқии шаҳр ба кор даромад. Ба гуфтаи директори маркаги гармидиҳӣ Умаралӣ Ниёзов, то имрӯз иқтидори он 20 мегаватт дар як соатро ташкил медиҳад.Умаралӣ Ниёзов зикр намуд, ки алҳол аз хидматрасонии маркази гармидиҳӣ сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бархӯрдоранд. Алҳол бо сабаби мавҷуд набудани гази табиӣ маркази гармидиҳӣ фақат бо истифода аз мазуте кор мекунад, ки аз Қазоқистон ва манбаҳои дохилӣ оварда мешавад. Ба қавли Умаралӣ Ниёзов, алҳол барои фаъолияти маркази гармидиҳӣ беш аз 12 ҳазор тонна мазут захира шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






