Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат оташ гирифт

Декабрь 23, 2013 11:54

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -22 декабри соли равон дар маркази саломатии деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат сўхтор ба амал омад. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани 3 адад мошини сўхторхомўшкунӣ дар масоҳати 16 метри мураббаъ утоқи кории сардухтур Зарина Шарипова оташ гирифта, қисме аз асбобу ашёҳои корӣ ва ҳуҷҷатҳо сўхта корношоям гардид. Мувофиқи ҳисобҳои пешакии коршиносон зарар аз сўхтор 2300 сомониро ташкил медиҳад. Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз тарафи мутахасисон нишон дод, ки дар сипари барқии Маркази саломатии мазкур муҳофизаткунандаҳои барқӣ умуман вуҷуд надошта, танзиму пайвасти баъзе аз ноқилҳои барқӣ ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгў нестанд. Ҳамчунин нақшаи таҳлияи одамон ва арзишҳои молӣ, дастурамал оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ва аломату нишонаҳои зиддисўхторӣ дар ин ҷо набуд. Шумораи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ низ ба дараҷаи кофӣ набуда, дар вақти истифодаи бухориҳо ҳам талаботи қоидаҳои бехатарӣ ба таври зарурӣ риоя намегардад. Мувофиқи иттилои муовини сардори Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат майори хизмати дохилӣ Мирзошариф Ҳоҷиев чанде пеш аз тарафи кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор нисбат ба сардухтур Зарина Шарипова барои роҳ додан ба камбудиҳои зиддисўхторӣ дар маркази саломатии мазкур ба маблағи 600 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Аммо, мутаассифона, камбудиҳои зиддисўхторӣ ҳамоно бартараф нашудаанд. Дар айни ҳол барои муайян намудани сабаб ва гунгаҳгори ҳодисаи рух дода, аз тарафи хадамоту макомоти дахлдор тафтишот бурда мешавад.

Декабрь 23, 2013 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд