Машварат дар ҳузури Марҳабо Ҷабборова

Декабрь 24, 2013 09:37

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар»). -21 декабри соли ҷорӣ дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова маҷлиси машваратӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор гардид.Ҳисоботи таҳлилӣ оид ба фаъолияти зиёда аз дусолаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода манзури иштирокчиён гардонд.Дар маҷлис масъулони шуъбаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карда, сухан гуфтанд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова таъкид намуд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зиёда аз ду сол сипарӣ гардид. Дар низоми қонунгузории миллӣ баъд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин дуввумин қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрўзу оянда нигаронида шудааст. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Аз фориғболии баъзе падару модарон ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, гуруҳҳои гуногун ба муассисаҳои таълимӣ роҳ ёфта, кўдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Санҷишҳо ва омўзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муайян намуданд, ки қатъи назар аз он ки, то имрўз мо натиҷаҳои назаррасро дар мавриди риояи талаботи қонуни мазкур ба даст овардаем, вале ҳанўз аз иҷро ва риояи он қаноатманд шудан мумкин нест. Инчунин дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳанўз ҳам баъзе норасоиву камбудиҳо ҷой доранд. Солҳои охир падидаи номатлуби худкушӣ дар байни сокинони мамлакат, хусусан ҷавонон рў ба афзоиш дорад, ки нисбат ба ин масъала мо бояд бетараф набошем.Мо вазифадорем, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мазкур ҷидду ҷаҳд намуда, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро софдилонаву содиқона, бо маҳорату кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро намоем.

Декабрь 24, 2013 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!