Машварат доир ба барномаи ҳаракатҳои олимпӣ
Восеъ, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ҷамъбасти «Барномаи инкишофи маданият ва илму маърифат», ки дар доираи барномаи ҳаракатҳои олимпии байни устодону мураббияҳои мактабҳои варзишии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб амал мекард, машварат доир гардид. Дар машварат оид ба қонуну қоидаҳои нави мусобиқаҳои олимпӣ, пешгирии варзишгарон аз истифодаи маводи допингӣ, қоидаҳои будубоши варзишгарон дар давраи гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ, донистани забон ва дигар масъалаҳои муҳими олимпӣ баҳсҳо доир гардиданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ устодону мураббияҳо ва варзишгарони фаъол бо диплому сертификатҳои Кумитаи миллии олимпӣ ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






