ММ тағйиру иловаҳо ба Кодекси андозро ҷонибдорӣ хоҳад намуд
Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи дуюми рӯзи душанбе -16 декабри соли равон даъват мешавад, маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд гардид. Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва дигар қонунҳое, ки қаблан палатаи поёнии Парлумони кишвар муҳокима ва қабул намуда буданд, ҷонибдорӣ хоҳанд гашт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






