Муҳаббат ва Анвар ба Булғористон мераванд
Хоруғ, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ду нафар варзишгар аз Шуғнон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди киёкушинкай мақоми аввалро ишғол намуда, ба мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки охири моҳи декабр дар кишвари Булғористон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Муҳаббат Чоршанбеева дар миёни духтарон ва Анвар Лангарчиев дар байни писарон соҳиби медали тилло гардиданд. Ин варзишгарон чанд сол боз таҳти роҳбарии мураббияшон Шаҳаншоҳ Муносибшоев ба тамрини киёкушинкай машғуланд ва сол аз сол маҳорату малакаашонро такмил дода, пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат мекунанд. Муҳаббат Чоршанбеева, ки ба машқи ин намуди варзиш аз овони кӯдакӣ машғул аст, гуфт, ки ҳарчанд тамрини намуди мазкур дар байни духтарону занони тоҷик чандон роиҷ нест, аммо вай кӯшиш мекунад аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ теъдоди тими духтаронаро афзоиш диҳад. Муҳаббат мақсад дорад, дар сабқати ҷаҳонӣ ҳарифони худро шикаст дода, парчами кишвари худро боло барад. Ба гуфтаи мураббии тими мазкур Шаҳаншоҳ Муносибшоев раиси вилоят ҳангоми суҳбат гуфтааст, ки хароҷоти сафари ин варзишгаронро ба сабқати хориҷ аз кишвар таъмин мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






