Муҳоҷирон имтиҳон месупоранд
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа қонунеро пазируфт, ки бар пояи он шуруъ аз якуми январи соли 2015 ҳама хориҷиёни довталаби кор ё зиндагии муваққат дар кишвар бояд аз таърихи Русия ҳатман имтиҳон супоранд. Барои собит кардани дониши худ шаҳрванди хориҷӣ бояд сертификати супурдани имтиҳон ё санади маълумоти миёна ё олӣ дар қаламравии Шӯравии собиқро, ки то рӯзи 1 сентябри соли 1991 дода шудааст, пешниҳод кунад. Сертификат тайи панҷ сол эътибор дорад. Мутахассисони баландихтисос, маъюбони то 18- сола ва афроди аз 60-сола боло, ҳамчунин афроде, ки аз рӯи барномаи муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанҳо ба Русия омадаанд, аз супурдани имтиҳони ҳатмӣ озоданд. Татбиқи қонун аз якуми январи соли 2015 шуруъ мешавад. Муҳоҷироне, ки аллакай то ин рӯз иҷозаи кор ё ҳаққи иқомат доранд, ҳангоми тамдиди муҳлати иқомат ё иҷозаи кор бояд сертификат ё номаи камолу дипломи замони шӯравии худро пешниҳод кунанд. Ҳоло бар пояи қонуне, ки аз тирамоҳи соли 2012 татбиқ мешавад, фақат муҳоҷироне, ки дар бахшҳои коммуналӣ, тиҷорат ва хадамоти иҷтимоӣ кор мекунанд, бояд ҳатман аз фанни таърихи Русия имтиҳон супоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






