Муҳокимаи қонуни хушунат дар оила
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар байни донишҷӯёни донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи муҳокимаи қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти раёсати Гулҷаҳон Бобосодиқова роҳандозӣ шуд. Гулҷаҳон Бобосодиқова зимни суханрониаш изҳор дошт, ки Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олӣ» зимни ҳамкорӣ бо Маркази худшиносии занони шаҳри Душанбе аз 22 октябр то 4 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе вохӯриҳо ташкил намуданд.Директори иҷроияи Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олӣ» Алла Қуваттова аз натиҷаи татбиқи лоиҳа дар мавриди хушунат дар оила нақл кард.Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокдорони он хулоса бароварданд, ки «хушунат дар оила кори шахсӣ набуда, мушкилоти иҷтимоӣ ба шумор меравад. Биноан ягон аъзои ҷомеа набояд гирифтори таҳқиру зӯроварӣ ва хушунат гардад».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






