Муҳокимаи ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 30 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷалби инвеститсияҳои Озарбойҷон ба ин бахш, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамчунин масоили дар хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди истифода қарор додани технологияҳои ҷадид ва рӯёнидани баъзе навъҳои сабзавоту буттамева мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Аҳамияти барқарор намудани системаҳои обёрии Тоҷикистон барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва васеъ кардани заминҳои обӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Озарбойҷон таъкид гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






