Муҳокимаи дурнамои ҳамкории иқтисодии ҶТ ва ИМА
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов ва муовини ёвари роҳбари намояндаи тиҷоратии ИМА хонум Мара Бурр дар шаҳри Вашингтон натиҷаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва ИМА дар соли 2013 ва дурнамои рушди он дар ояндаро мавриди муҳокима қарор доданд. Нуриддин Шамсов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва низоми иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ пайвастани Тоҷикистон шароити мусоиди рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфиди байни кишварҳо дар бахшҳои мухталифро фароҳам овард.Мара Бурр дар навбати худ қайд намуд, ки ИМА дар оянда ҳамкории мутақобилан муфид ва судманд бо Тоҷикистонро дар бахшҳои тиҷорату инвеститсияҳо, рушди соҳаи обу энергетика, роҳандозии усулҳои муосири коҳиш додани талафи захираҳои энергия, такмили фаъолияти гумрук, мусоидат ба иштироки бештари занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон давом хоҳад дод.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






